Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир кард

Дар остонаи оғози мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо намояндагон ва мураббиёни дастаҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Суҳроб Ашӯров ба дастаҳо шакли баргузории мусобиқоти мавсими навро фаҳмонд.

Даҳ дастаи занона, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, дар ҳаштумин чемпионати Тоҷикистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Бозиҳо дар чор марҳила баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоии чемпионат роҳхат мегиранд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 15 даста, ки се гурӯҳро ташкил медиҳанд, ширкат мекунанд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар се давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ва беҳтарин дастаи зинаи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ меёбанд.

Дар гурӯҳи хурдтарин – чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 20 даста ба панҷ гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони панҷ гурӯҳ, инчунин беҳтарин тими ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат мебароянд.

Мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон моҳи май оғоз шуда, моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад.

Назари худро бинависед