Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар аз қароргоҳи бошгоҳи футболи КМВА-и Душанбе дидан карда, бо корҳои омодагии даста ба мавсими нав шинос шуданд.
Зимни ташрифи худ роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ бо бозигарон ва ҳайати мураббиёни КМВА мулоқот анҷом доданд. Баъд аз ин дар маҷлисгоҳи варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани медалҳои биринҷӣ ба дастаи ҷавонони КМВА, ки дар мавсими гузашта дар чемпионати Тоҷикистон мақоми сеюмро ишғол намуд, баргузор гардид. Дар ин ҷода «артишиҳо»-ро мураббиён Шамсиддин Қосимов ва Олим Қадамшоев роҳбарӣ карданд.
Дар чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори Клуби марказии варзиш-артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳматуллоев, директори бошгоҳи футболи КМВА Хабир Давлатов ва менеҷери ЛФТ оид ба литсензиякунонии дастаҳо Сипеҳр Ҳомидов ширкат карда, ба даста дар мавсими нави футбол барору комёбиҳо таманно намуданд.