Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи ВМКБ доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи ВМКБ доир шуд

12 август дар меҳмонхонаи «Помир Палас»-и шаҳри Хоруғ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд, ки дар он ҳайати нави роҳбарикунанда интихоб карда шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳии ошкорои вакилон Анвар Иматшозода муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси нави Федератсияи футболи ВМКБ интихоб шуд.

Аъзам Хусравов муовини аввали раиси Федератсияи футболи ВМКБ интихоб шуд. Собиқ раиси ФФВМКБ Аноятшо Аноятшоев котиби масъули федератсия таъйин гардид.

Дар конференсия ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода иштирок намуда, роҳбарияти нави Федератсияи футболи Бадахшонро табрик гуфта, ба онҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳояшон дар рушди футболи минтақа комёбиҳо таманно намуд.

Назари худро бинависед