Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид

Дар шаҳри Левакант Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он ҳайати нави роҳбарикунанда интихоб гардид.

Ҳамоиш дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳии ошкорои вакилон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раиси Федератсияи футболи Хатлон интихоб шуд. Исроил Шарифов муовини якуми раиси Федератсияи футболи Хатлон ва Дилшод Мадализода муовини раис интихоб гардиданд. Илова бар ин, ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон 15 нафар шомил шуданд.

Дар Конференсия ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода иштирок намуда, роҳбарияти нави Федератсияи футболи Хатлон ва аъзои Кумитаи иҷроияро дар ин маснад табрик гуфт ва ба онҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳояшон дар самти рушди футбол дар минтақа комёбӣ таманно намуд.

Назари худро бинависед