Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов сафари чаҳоррӯзаи кории хешро ба вилояти Суғд анҷом дод. Ҳайати ФФТ бо корҳои омодагии ҳафт дастаи вилоят ба мавсими нави футбол шинос шуд.
Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бошгоҳҳои лигаи олӣ – «Хуҷанд» ва «Эсхата», инчунин дастаҳои лигаи якум – «Истаравшан», «Исфара», «Парвоз», «Гулистон» ва «Равшан» (Зафаробод) дидан кард.
Дар ҷараёни кори худ ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо раиси вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, муовинони раисони шаҳрҳои Гулистону Исфара, инчунин директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Дар рӯзи ниҳоӣ гурӯҳи кории комиссияи ФФТ аз бошгоҳи «Эсхата»-и Хуҷанд дидан кард. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ, рафти омодагии даста ба мавсими нави футбол, инчунин дурнамои ташаккули дастаи занона ва футзали «Эсхата» дар системаи бошгоҳ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ба гуфтаи роҳбарияти «Эсхата», бошгоҳ 90 дарсади ҳайати худро нигоҳ дошта, як қатор бозигарони навро ба ҳайат ҷалб кардааст. Дастаи «Эсхата» мисли ду соли охир бозиҳои хонагии худро дар чемпионати Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спартак»-и Хуҷанд баргузор мекунад.