Дар бозии ниҳоии мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025, ки фонди ҷоизавиаш 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, бошгоҳҳои «Истиқлол» ва КМВА-и пойтахт ба ҳам меоянд.
Имрӯз, 18-уми феврал бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2025 баргузор шуда, иштирокчиёни финали мусобиқа муайян шуданд. Дар бозии аввали даври ниманиҳоӣ КМВА-и пойтахт бо «Сомон»-и Данғара вохӯрд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар силсилазарбаҳои пеналти артишиҳо ба ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ «Истиқлол» бо шарофати дубли Манучеҳр Ҷалилов «Панҷшер»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ба ин тартиб, «Истиқлол» ва КМВА дар финали Ҷоми Федератсия-2025 ва «Сомон» ва «Панҷшер» дар рақобат барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд. Ин дидорҳо рӯзи 22 феврал баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми ФФТ бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.