«Истиқлол» ва «Cоро компания» дар Суперлигаи Тоҷикистон-2023 боз ҳам мусовӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ва «Cоро компания» дар Суперлигаи Тоҷикистон-2023 боз ҳам мусовӣ карданд

Бозиҳои даври нуҳуми мусобиқоти Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал баргузор шуданд. Дар бозии марказии давр довталабони асосӣ барои медали тилло- «Истиқлол» ва «Соро компания» ба ҳам омаданд.

Мисли вохӯрии марҳилаи аввал бозии «Истиқлол» ва «Соро компания» мусовӣ анҷом ёфт. Ин дафъа бо ҳисоби 3:3. Аз ҳайати «Истиқлол» Абдуқаюм Умаров, Рустам Ҳамидов ва Раҳмоналӣ Шарифов гол заданд. Голҳои «Соро компания»-ро Муҳаммад Раҷабов, Алӣ Муҳибалиён ва Муҳсин Муҳаммадзода ба самар расониданд.

Дар ду рақобати дигари даври нуҳум «Амонатбонк» бар «Самандар» (10:3) ва «Истаравшан» бар «Пойтахт» (5:1) пирӯз шуданд.

Як давр пеш аз анҷоми марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 «Истиқлол» бо касби 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. «Соро компания» дар зинаи дуюм (20 хол) ҷойгир аст. Дебютанти чемпионат «Амонатбонк» (18 хол) дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2023

Даври 9

«Истиқлол» – «Соро компания» – 3:3

Голҳо: Муҳаммад Раҷабов, 12 (0:1). Абдуқаюм Умаров, 13 (1:1). Алӣ Муҳибалиён, 15 (1:2). Рустам Ҳамидов, 21 (2:2). Раҳмоналӣ Шарифов, 26 (3:2). Муҳсин Муҳаммадзода, 33 (3:3).

Аз майдон ронда шуд: Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»), 25 – корти зарди дуюм.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Рустам Ҳамидов («Соро компания»).

 

«Амонатбонк» – «Самандар» – 10:3

Голҳо: Низом Маҳмаев, 1 (0:1). Фаридун Неъматов, 3 (1:1). Умед Кузиев, 6 (2:1). Холмуъмин Ҳамроев, 8 (2:2). Фирӯз Сангов, 8 (3:2). Акбар Ҳаитов, 10 (3:3). Идибой Олимов, 16 (4:3). Фирӯз Сангов, 26 (5:3). Фирӯз Сангов, 27 (6:3). Фаридун Неъматов, 34 (7:3). Собирҷон Гуляков, 36 (8:3). Фирӯз Сангов, 37 (9:3). Умед Кузиев, 39 (10:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фирӯз Сангов («Амонатбонк»).

 

«Пойтахт» – «Истаравшан» – 1:5

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 4 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 10 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 25 (0:3). Шавкат Пӯлотов, 28 (0:4). Абубакр Икромов, 34 (1:4). Баҳодур Хоҷаев, 36 (1:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан»).

Назари худро бинависед