«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 аввалин ғалабаро ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 аввалин ғалабаро ба даст овард

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе аввалин ғалабаи таърихии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 ба даст овард. “Истиқлол” дар даври дуюми мусобиқа бар АГМК-и Узбекистон бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд.

Дар ҳайати “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба задани гол муваффақ шуданд. Як голи дигарро футболбозони АГМК ба дарвозаи худашон заданд. Худголро легионери сербиягии АГМК  Йован Джокич зад.

Қаблан бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро қаҳрамони Тоҷикистон ба дастаи “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” (АМА) мусовии бе гол анҷом карда буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 0 «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-ро мағлуб намуд.

Баъд аз натиҷаи ду даври бозиҳо «Ал-Ҳилол» ва «Истиқлол» бо чор имтиёзӣ дар гурӯҳи “А” пешсаф мебошанд.

Дар даври навбатии мусобиқаи бонуфузтарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 21 –уми апрел бо дастаи “Ал-Аҳли”-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. «Ал-Ҳилол» аз Арабистони Саудӣ соли 2019 ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои КФО шуда буд. Ин бозӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 00:00 ба вақти Душанбе) оғоз хоҳад шуд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:3

Голҳо: Йован Джокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Мухаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ҳанонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Эр-Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд.

 

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) 2 1 1 0 4-2 4
2 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 2 1 1 0 3-2 4
2 АГМК (Узбекистон) 2 0 1 1 4-5 1
4 «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) 2 0 1 1 0-2 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

21 апрел (чоршанбе)

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба ном Шоҳ Фаҳд

 

Даври 4-ум

24 апрел (шанбе)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба ном Шоҳ Фаҳд

 

Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд

 

Даври 6-ум

30 апрел (ҷумъа)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Арабистони Саудӣ

Назари худро бинависед