«Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 бо «Ал Наср»-и Криштиану Роналду бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 бо «Ал Наср»-и Криштиану Роналду бозӣ мекунад

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» дохил шуд. Рақибони бошгоҳи Душанбе дастаҳои «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) хоҳанд буд, ки ба ҳайати он капитани тими миллии Португалия Криштиану Роналду шомил аст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии якуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар майдони худ бо тими “Ал-Дуҳайл”-и Қатар анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи 18 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»:

🇺🇿 «Пахтакор» (Ӯзбекистон)

🇸🇦 «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ)

🇹🇲 «Аҳал» (Туркманистон)

🇦🇪 «Ал-Айн» (АМА)

 

Гурӯҳи «В»:

🇶🇦 «Ал-Садд» (Қатар)

🇺🇿 «Насаф» (Ӯзбекистон)

🇯🇴 «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

🇦🇪 «Шарҷа» (АМА)

 

Гурӯҳи «С»:

🇸🇦 «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ)

🇮🇷 «Сипоҳон» (Эрон)

🇮🇶 «Эйр Форс (Ироқ)

🇺🇿 AГМК (Ӯзбекистон)

 

Гурӯҳи D:

🇸🇦 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

🇮🇷 «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон)

🇮🇳 «Мумбай Сити» (Ҳиндустон)

🇺🇿 «Навбаҳор» (Ӯзбекистон)

 

Гурӯҳи «Е»:

🇮🇷 «Персеполис» (Эрон)

🇶🇦 «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

🇸🇦 «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Назари худро бинависед