Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё пирӯзии деринтизорашро ба даст овард.
«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳои Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба бошгоҳи шаҳри Душанбе се имтиёз овард.
Қаҳрамони Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 бо тими «Ал-Завраа»-и Ироқ анҷом медиҳад. Ин дидор 22 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 18:45 оғоз мешавад.