Ба диққати намояндагони ВАО! 21 октябр пеш аз бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Завра» (Ироқ) нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 16:30 оғоз мешавад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни даста Игор Черевченко («Истиқлол») ва Ҳусам Фавзӣ Наҷӣ Ал-Ҷумайлӣ («Ал-Завра»), инчунин бозигарон Марлен Чобанов («Истиқлол») ва Абдулло Мусо Мусаллам Насиб («Ал-Завра») посух хоҳанд дод.
Ба диққати рӯзноманигорон мерасонем, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозии «Истиқлол» – «Гоа» гирифта буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт.