«Истаравшан» ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истаравшан» ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 шуд

Дар Гулистони Суғд мусобиқаи пешазмавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Чун соли гузашта, имсол низ ба бозии ниҳоии мусобиқа дастаҳои футболи “Истаравшан” ва КМВА роҳ ёфтанд. Агар дар мавсими соли 2019 соҳиби ҷоиза иудофиачиён гашта бошанд, имсол дар бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 2 бар 1 “Истаравшан” дастболо шуд. Голҳои “Истаравшан”-ро Зафар Акбаралиев ва Илҳомҷон Баротов ба самар расонданд.

Медалҳои биринҷии мусобиқаи мсоларо футболбозони дастаи «Душанбе-83» соҳиб шуданд. Душанбегиҳо дар бозӣ барои ҷои сеюм бар “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бо ҳисоб 2 бар 1 ғалаба карданд. Дар ин бозӣ голҳои дастаи ғолибро Далер Имомназаров ва легионер аз давлати Гана Колинса Адухене ба самар расонданд. Голи “Кӯктош”-ро бошад Азизбек Султонов зад.

Дар маросими ҷамъбаст ғолибону ҷоизадорони мусобиқа, мутаносибан бо медалҳои соҳибгаштаи худ сарфароз гардонида шуданд. Ҷоми ғолибиятро ба капитани дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов, Директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов супорид.

Ёдрас мешавем, ки Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз 10 то 18 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гашт. Ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии кишвар ба мавсими нав мебошад. Тамоми харҷҳо вобаста ба ташкилу баргузории мусобиқа, аз ҷумла ҷои хоб ва хӯрокворӣ, иҷораи майдонҳо ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорон аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон падохт гаштанд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 1:2

ГолҳоДалер Имомназаров, 19 (0:1). Колинс Адухене, 42 (0:2). Азизбек Султонов, 90+2 (1:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров («Кӯктош»), Дилшод Расулов, Фаромурз Саидов, Алишер Эргашев («Душанбе-83»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), 70 – барои ҷиддӣ вайрон кардани қоидаи бозӣ, Мунир Давлатбеков («Кӯктош»), 90 – барои рафтори иғвобарангез, Идрис Амину («Душанбе-83»), 90 – барои рафтори иғвобарангез.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Имомназаров («Душанбе-83»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

18 марта. Гулистон. Варзишгоҳи Бонки миллӣ.

 

Финал

«Истаравшан» – КМВА – 2:1

ГолҳоЗафар Акбаралиев, 10 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 60 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 67 (2:1).

Огоҳӣ гирифтанд: Саиддостон Фозилов, Азизҷон Шамсиев, Насим Расулов, Илҳомҷон Баротов, Қаҳрамон Ҳомидов, Шаҳбоз Шамсиддинов, Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), Комрони Мирзохон, Фируз Бобиев (КМВА).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Зафар Акбаралиев («Истаравшан»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

18 март. Гулистон. Стадион «Баҳористон».

Назари худро бинависед