Имшаб «Истиқлол» чорумин бозии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имшаб «Истиқлол» чорумин бозии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 баргузор мекунад

Дар шаҳри Риёз имрӯз, 19-уми апрел, бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» баргузор мешаванд.

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст, бо ғолиби феълии мусобиқа бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Се рӯз қабл аз ин қаҳрамони Арабистони Саудӣ бошгоҳи шаҳри Душанберо бо натиҷаи 1:0 шикаст дод. Оё «Истиқлол» метавонад аз «Ал-Ҳилол» интиқом бигирад ва дар мусобиқот имтиёзи аввалро ба даст орад ё не, имшаб хоҳем фаҳмид.

Вохӯрии «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и Риёз баргузор шуда, соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 1:15, 20 апрел ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин бозиро мустақиман намоиш медиҳад.

 

Лигаи чемпионҳои КФО-2022

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

20 апрел (чоршанбе)

Бозӣ соати 01:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Риёз, Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»

Назари худро бинависед