Имрӯз «Равшан»-и Кӯлоб дар доираи Ҷоми КФО-2023/24 бо «Абдиш-Ата» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Равшан»-и Кӯлоб дар доираи Ҷоми КФО-2023/24 бо «Абдиш-Ата» бозӣ мекунад

Имрӯз, 26 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мегардад.

Пас аз ду даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ду имтиёз дорад. Қаҳрамони Қирғизистон «Абдиш-Ата» бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «Е» пешсаф аст. 

Тамоми мухлисонро даъват менамоем, ки дар чунин муборизаи муҳим муттаҳид шуда, «Равшан»-ро дастгирӣ кунанд!

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «E». Даври 3

📅 26 октябр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 19:00

🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – 🇰🇬 «Абдиш-Ата» (Қирғизистон)

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед