Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» бо дастаи Малайзия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» бо дастаи Малайзия бозӣ мекунад

Имрӯз, 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бозии ниҳоии 42-юмин мусобиқаи «Ҷоми Мердека» баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Малайзия вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Шабакаи телевизионии «Варзиш» бозии дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистонро ба таври мустақим намоиш медиҳад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ Малайзия ва Тоҷикистон се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Дастаи мо дар ду бозӣ пирӯз шуда, дар як рақобати дигар мунтахаби Малайзия ғалаба кардааст.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»

Финал

📅 17 октябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 18:00 ба вақти Душанбе

🇲🇾 Малайзия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Назари худро бинависед