Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷойи сеюм дар «Ҷоми рушд-2023» бо дастаи Русия рақобат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷойи сеюм дар «Ҷоми рушд-2023» бо дастаи Русия рақобат мекунад

Дар шаҳри Минск имрӯз, 11 феврал мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» ба анҷом мерасад.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Русия (U-16) вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 16:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаи «ТВ Футбол»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Қаблан дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастпарварони Раҳматулло Фузайлов бо тимҳои наврасони Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар тими Эрон (3:1) пирӯз шуда буданд.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023»

Бозӣ барои ҷойи сеюм

📅 11 феврал (шанбе)

🕰 Оғоз – соати 16:40 ба вақти Душанбе

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 🇷🇺 Русия (U-16)

🏟 Толори футболи Минск

Назари худро бинависед