Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 12 апрел дар Бишкек бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешаванд.

 Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон вомехӯрад. Баъди ду даври мусобиқа тими Ӯзбекистон шаш имтиёз, дастаи Тоҷикистон бошад, чаҳор имтиёз доранд. Бозии Ӯзбекистону Тоҷикистон соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

12 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 10:00 ба вақти Душанбе

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Бишкек, Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена»

Назари худро бинависед