Имрӯз «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 бо «Ал-Наср» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 бо «Ал-Наср» бозӣ мекунад

Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Ин дидор дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк» баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Пахши мустақими вохӯриро аз шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» тамошо карда метавонед.

Ба «Истиқлол» дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарбӣ

⚽️ Гурӯҳи «Е». Даври 2

📅 2 октябр (душанбе)

️ Оғоз соати 23:00 ба вақти Душанбе

🇸🇦 «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

🏟 Риёз, Арабистони Саудӣ, Варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»

Назари худро бинависед