Имрӯз «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ мекунад

Имрӯз, 24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Персеполис» (Эрон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мешавад. 

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Озодӣ» баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд. 

Ба қаҳрамони мо дар бозии имрӯза пирӯзӣ таманно дорем!

 

🏆 Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

♦️ Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи «E». Даври 3

📅 24 октябр (сешанбе)

️ Оғоз соати 21:00 ба вақти Душанбе

🇮🇷 «Персеполис» (Эрон) – 🇹🇯 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

🏟 Теҳрон, Эрон, Варзишгоҳи Озодӣ

Назари худро бинависед