Имрӯз дар Душанбе бозии дӯстонаи тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Русия баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар Душанбе бозии дӯстонаи тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ имрӯз, 7 ноябр, бозии якуми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад. 

Нархи чиптаи муқаррарӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомонӣ аст. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футзал даъват мекунем! Биёед якҷо дастаи миллии худро дастгирӣ кунем!

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Назари худро бинависед