«Хуҷанд» дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 бо ғолиби ҷуфти «Марв» – «Олой» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 бо ғолиби ҷуфти «Марв» – «Олой» бозӣ мекунад

Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории бозиҳои даври муқаддамотӣ ва марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24-ро эълон кард.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ бо ғолиби даври муқаддамотӣ «Марв» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) вомехӯрад. Ин дидор рӯзи 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2023/24 бо ширкати «Марв» ва «Олой» рӯзи 15 август дар Туркманистон баргузор мешавад.

Даври муқаддамотии Ҷоми КФО ва плей-офф аз як бозӣ иборат хоҳад буд.

Дар сурати муваффақ шудан дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар баробари бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии минтақаи марказиро пайдо мекунад.

Даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ 20 сентябр оғоз шуда, 14 декабр ба анҷом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ меёбад.

 

Ҷоми КФО-2023/24

Минтақаи марказӣ

Даври муқаддамотӣ

15 август (сешанбе)

«Марв» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

 

Плей-офф

22 август (сешанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби ҷуфти «Марв»/«Олой»

Назари худро бинависед