Гурӯҳи кории ФФТ бо раиси шаҳри Ваҳдат вохӯрда, аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории ФФТ бо раиси шаҳри Ваҳдат вохӯрда, аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан кард

Тибқи нақша вохӯрии Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев бо раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷараёни иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 феврали соли 2025, маълумоти дахлдор пешниҳод карда шуд.

Пас аз шиносоӣ аз рафти корҳои анҷомдода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик кишти сабзаи нави майдони варзишгоҳ кошта ва системаи рӯшноии он азнавсози, инчунин, намолавҳаи муосири электронӣ насб карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулин таъмири биноҳои иловагии варзишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.

Назари худро бинависед