Гурӯҳи кории ФФТ аз дастаҳои «Истаравшан» ва «Эсхата» дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории ФФТ аз дастаҳои «Истаравшан» ва «Эсхата» дидан кард

Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи тайёрии дастаҳо сафари худро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз кард.

Имрӯз, 26 январ ҳайати ФФТ иборат аз ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва роҳбари шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода  аз дастаҳои футболи «Истаравшан» ва «Эсхата» боздид карданд.

Дар шаҳри Истаравшан бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ вохӯрии корӣ баргузор гашта, омодагии ташкилӣ ва инфрасохтории бошгоҳи «Истаравшан», инчунин Варзишгоҳи марказии шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои мавсими нави Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Абдусаттор Қодирӣ ба ҳайати ФФТ дар бораи рафти омодагӣ ба мавсими футбол, аз ҷумла нақшаҳои таъмири Варзишгоҳи марказии Истаравшан ва тайёр кардани як варзишгоҳи дигари шаҳр барои тамрини дастаҳо маълумот дод. Гурӯҳи кории Федератсия таваҷҷӯҳ ва дастгирии роҳбарияти шаҳри Истаравшанро ба рушди инфрасохтори футбол, инчунин  ҷиҳати  фароҳам овардани шароит барои рушди устувори футбол қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди футзал дар Истаравшан, азнавсозии Маҷмааи варзишии «Далерон», ки номи он ба «Азизон» иваз мегардад, ташкил ва дастгирии дастаҳои футболи занонаю кӯдакона  барои иштирок дар мусобиқаҳои ФФТ зоҳир карда шуданд.

Дар рафти сафар ҳайати ФФТ якҷоя бо роҳбарияти шаҳр Варзишгоҳи марказии Истаравшанро аз назар гузарониданд, ки дар натиҷа баъзе камбудиҳои инфрасохторӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод гардиданд.

Гурӯҳи кории ФФТ инчунин аз идораи марказии ҶСК «Бонки Эсхата» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, бо раиси раёсати бонк Акмалҷон Сайфиддинов мулоқот доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дастовардҳои бошгоҳи футболи «Эсхата», аз ҷумла баромадани даста ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2025 таъкид карда шуд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳми ҶСК «Бонки Эсхата»-ро дар рушди устувори тими футболи шаҳри Хуҷанд назаррас хонда, дастгирии мунтазам, фароҳам овардани шароити зарурӣ ва саҳми назарраси бонкро дар рушди футбол дар вилояти Суғд таъкид кард.

Истифодаи варзишгоҳи хонагии бошгоҳ дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.

Ғайр аз ин, роҳбарияти бонк аз қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ огоҳ карда шуд, ки тибқи он аз соли 2027 бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаи футболи занона дошта бошанд. Тавсия дода шуд, ки ин талабот ҳамчун озмоиш аз соли 2026 ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти ҶСК «Бонки Эсхата» омодагии худро барои дастгирии дастаи занона аз мавсими ояндаи футбол тасдиқ кард.

 

Назари худро бинависед