Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи тайёрии дастаҳо сафари худро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома медиҳад.
Имрӯз, 28 январ ҳайати ФФТ иборат аз ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода аз дастаҳои футболи «Парвоз» ва «Мастчоҳ», ки дар мавсими 2026 мутаносибан дар Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон баромад хоҳанд кард, боздид намуданд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо раиси ноҳия Аъзам Ализода вохӯрии корӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот омодагии дастаи «Мастчоҳ» ба мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, инчунин вазъият ва омодагии Варзишгоҳи марказии ноҳия барои мизбонии бозиҳои расмии чемпионат баррасӣ шуданд.
Аъзам Ализода ҳайати ФФТ-ро истиқбол карда, тайёрии худро ҷиҳати дастгирии дастаи «Мастчоҳ», ки соли гузашта бори аввал дар Лигаи якум баромад кард, изҳор дошт. Ӯ қайд намуд, ки роҳбарияти ноҳия минбаъд низ аз даста пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа инчунин иштироки дастаҳои занонаи ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аҳамияти рушди футболи занона ва васеъ кардани доираи онро дар минтақа таъкид карданд.
Ғайр аз ин, гурӯҳи кории ФФТ бо директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон вохӯрд. Дар мавсими гузашта бошгоҳи футболи «Парвоз», ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро намояндагӣ мекунад, ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон гашта, пас аз даҳ сол ба лигаи олии кишвар баргашт.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тими «Парвоз»-ро бо бозгашт ба лигаи олӣ табрик гуфта, ба даста дар мавсими нав муваффақият таманно кард.
Дар доираи сафар инчунин камбудиҳои мавҷуда дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ», ки «Парвоз» бозиҳои хонагии худро онҷо мегузаронад, инчунин роҳҳои ҳалли онҳо пеш аз оғози мавсими нав баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба беҳтар кардани инфрасохтори варзишгоҳ, аз ҷумла ҳолати майдон, утоқҳои либосивазкунӣ ва насби равшанӣ равона карда шуд, ки ҳадафи он мутобиқ кардани варзишгоҳ ба талаботи Лигаи олии Тоҷикистон мебошад.