Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев бо раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи Хатлон Давлаталӣ Саид мулоқот доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати нақшаи чорабиниҳои амалинамоии иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустам Эмомалӣ, ки 3 феврали соли 2025 дода шуда буданд, гуфтушунид намуданд.
Зимни мулоқоти роҳбарияти ФФТ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид масъалаҳои мубрами рушди футбол дар вилоят, аз ҷумла футболи наврасону бонувон ва рушди футзал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии ҳамаҷониба ва рушди инфрасохтори футбол дар вилояти Хатлон зоҳир гардид. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои сохтмони Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ ва насби системаи рӯшноӣ дар варзишгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархорро баррасӣ карданд. Татбиқи ин тарҳҳо ба рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баргузории бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар бегоҳ нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид масъалаи таъсиси бошгоҳҳои футзалро дар вилояти Хатлон ба хусус дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ва иштироки фаъоли онҳоро дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо муҳимияти таъсиси тимҳои рақобатпазирро, ки вилоятро дар чемпионат муаррифӣ ва футзалро миёни ҷавонон тарғиб менамоянд, тадбири мазкурро зарурӣ ва саривақтӣ кайд намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои дастгирии ҳамаҷониба ва мусоидати фаъолона дар рушди футбол дар вилоят изҳори сипос намуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории зич ҷиҳати рушди минбаъдаи футбол дар вилояти Хатлон иброз намуданд.