Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Исфара сафар намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Исфара сафар намуд

Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи тайёрии дастаҳо сафари худро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома медиҳад.

Имрӯз, 27 январ ҳайати ФФТ иборат аз ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва роҳбари шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода, инчунин котиби масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳлиддин Юнусов ба шаҳри Исфара рафтанд.

Дар рафти боздид гурӯҳ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода мулоқоти корӣ баргузор намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи футбол дар шаҳр, чораҳои дастгирии дастаи футболи «Исфара» аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва омодагии Варзишгоҳи марказии Исфараро барои мавсими нав баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди футболи кӯдакону наврасон, тақвияти инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби ҷавонон ба машқҳои мунтазам зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки дастгирии футбол дар Исфара ҷанбаи муҳими сиёсати варзишӣ ва иҷтимоии шаҳр ба ҳисоб меравад.

Назари худро бинависед