Гурӯҳи доварон аз Ҷопон бозии Тоҷикистон ва Қатарро дар Ҷоми Осиё-2023 ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи доварон аз Ҷопон бозии Тоҷикистон ва Қатарро дар Ҷоми Осиё-2023 ҳакамӣ мекунад

Номи довароне, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қатарро доварӣ мекунанд, маълум шуд.

Бозиро ҳайати доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунанд. Довари марказии рақобат довари ФИФА Ҳироюки Кимураи 41-сола таъйин шуд. Ёварони довари ФИФА Джун Михара ва Такуми Такаги ба ӯ кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Йошими Ямашита вогузор шудааст. Дар VAR Иида Юмпей кор карда, ёвари VAR Юсуке Араки хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар рӯзи 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

🏆 Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А». Даври 2

📅 17 январ (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇶🇦 Қатар

🏟 Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»