Голи шашуми Комрон Турсунов дар дивизиони якуми Ҳиндустон – Федерация Футбола Таджикистана

Голи шашуми Комрон Турсунов дар дивизиони якуми Ҳиндустон

Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Комрон Турсунов дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон ба задани голи шашуми худ муваффақ шуд.

Дар даври навбатии дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи “ТРАУ”, ки ниммуҳофизи тоҷик дар он баромад мекунад, дар майдони худ бо ҳисоби 1 ба 0 бар дастаи “Панҷоб” зафарёб шуд. Голи ягона ва ғалабаоварро ниммуҳофизи тими миллии Тоҷикистон дар дақиқаи 81-уми  вохӯрӣ ба самар расонд.

Ёдрас мешавем, ки Комрон Турсунов ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври 7-уми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Муғулистон даъват шудааст. Бозӣ рӯзи 25-уми март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Назари худро бинависед