Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи ташкили бозиҳо баргузор гардид. Дар он комиссароне, ки имсол дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, ширкат намуданд.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ба ҷараёни семинар ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти нақши комиссаронро, ки масъули масъалаҳои ташкилии бозӣ мебошанд, таъкид кард. Ӯ афзуд, ки сифати бозиҳо, риояи қоидаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастаҳо, доварон ва мухлисон асосан аз касбияти онҳо вобаста аст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки баланд бардоштани малакаи касбии комиссарон қисми ҷудонашавандаи кори систематикӣ дар мусобиқаҳои ЛФТ мебошад.
Семинари таълимӣ мавзӯъҳои нақш, фаъолият ва масъулиятҳои комиссарон, талаботи омодасозии варзишгоҳ ва инфрасохтор, маркетинг ва инъикоси ВАО, бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамоҳангсозӣ бо дастаҳои мизбон ва доварон, инчунин тартиби пур кардани гузоришу ҳуҷҷатгузориро дар бар гирифт.
Дар охири семинар иштирокчиён барои баланд бардоштани сатҳи фаъолият мубодилаи афкор карданд.
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 6 март оғоз мешавад.