Фурӯши чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Фурӯши чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ оғоз шуд

Фурӯши чиптаҳои бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Чиптаҳои категорияи якуми нишастгоҳҳои Ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 100 сомонӣ арзиш доранд. Барои се тарафаи дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар як чипта 30 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи чиптаҳои VIP 500 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро дар платформаи echipta.tj (https://echipta.tj/groups_event.php?group_id=1297&org=33&date=2024-03-26) дастрас кардан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед