Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Сипар» бар «Помир» ва «Соро компания» бар «Истиқлол» пирӯз шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: «Сипар» бар «Помир» ва «Соро компания» бар «Истиқлол» пирӯз шуданд

Дар бозиҳои мавқуфгузоштаи Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 қаҳрамонии феълии кишвар «Сипар»-и Хуҷанд бар «Памир» бо ҳисоби 6:2 дастболо шуд ва «Соро компания» бо ҳисоби 3:0 «Истиқлол»-ро шикаст дод.

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми мусобиқа “Сипар” бо ҳисоби калони 6:2 бар “Помир” ғолиб омад. Дар ин вохӯрӣ футзалбозони “Помир” ду маротиба ба сафи пеш баромаданд, аммо футзалбозони хуҷандӣ аз худ матонат нишон дода, бозиро ба фоидаашон анҷом доданд. Ду голи «Сипар»-ро Парвиз Раҳматов ва як голиро Шоҳрух Ҳамидов, Раҳмоналӣ Шарипов ва Баҳодур Хоҷаев ба нишон заданд. Як голи дигарро футзалбозони “Помир” ба дарвозаи дастаи худашон заданд.

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври панҷум бошад, футзалбозони “Соро компания” ба дарвозаи “Истиқлол”№ се голи беҷавоб задед. Голҳои дастаи ғолибро Руҳулло Исарӣ, Фирӯз Сангов ва Насим Шарипов заданд.

Рӯзи шанбеи 14 август бо баргузории бозиҳои даври шашум мусобиқа идома меёбад.

 

Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Бозии мавқуфгузоштаи даври 4-ум

«Помир» – «Сипар» – 2:6

Голҳо: Дилшод Саломов, 1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Хушбахт Шарипов, 12 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Сино Карамхудоев, 13 (2:1). Парвиз Раҳматов, 14 (2:2). Парвиз Раҳматов, 15 (2:3). Шоҳрух Ҳамидов, 19 (2:4). Раҳмоналӣ Шарипов, 20 (2:5). Баҳодур Хоҷаев, 25 (2:6).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Раҳмоналӣ Шарипов («Сипар»).

7 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 200 тамошобин.

 

Бозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум

«Истиқлол» – «Соро компания» – 0:3

ГолҳоРуҳулло Исарӣ, 17 (0:1). Фирӯз Сангов, 23 (0:2). Насим Шарипов, 40 (0:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Самандар Ризомов («Истиқлол»), 17 – маҳрум кардани рақиб аз имконияти возеҳи голзанӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»).

7 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 300 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд)                      5 4 1 0 31-8 13
2 «Соро компания» (Душанбе) 5 4 1 0 29-8 13
3 «Истиқлол» (Душанбе) 5 2 1 2 8-9 7
4 «Помир» (Хоруғ) 5 2 1 2 9-15 7
5 «Пойтахт» (Душанбе) 5 1 0 4 9-21 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 5 0 0 5 13-38 0

 

Нишонзанҳо: Баҳодур Хоҷаев («Сипар»), Ориф Меликов («Самандар») – 6 голӣ, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 5 гол, Насим Шарипов, Муҳсин Муҳаммадзода, Руҳулло Исарӣ (ҳама аз «Соро компания»), Парвиз Раҳматов, Шоҳрух Ҳамидов (ҳарду аз «Сипар»), Акмал Алиназаров («Помир»), Рабиҷон Рабиев («Пойтахт») – 4 голӣ.

 

Дар даври 6-ум вомехӯранд:

14 август (шанбе)

«Соро компания» – «Истиқлол»

«Помир» – «Пойтахт»

«Самандар» – «Сипар»

Назари худро бинависед