Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: пирӯзии «Соро компания» бар «Сипар» – Федерация Футбола Таджикистана

Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021: пирӯзии «Соро компания» бар «Сипар»

Дар бозии марказии даври ҳаштуми Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 «Соро компания»-и Душанбе дар сафар бар пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:2 пирӯз гашт.

Ду голи душанбегиҳоро легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ва як голиро Руҳулло Исарӣ ва Файзалӣ Сардоров ба нишон заданд.

Дебютанти имсолаи Formula55 – Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи футзали «Пойтахт» ғалабаи дуюми худро дар мусобиқаи имсола ба даст овард. Дар бозии даври ҳаштум “шаҳриҳо” бар “Самандар”-и Турсунзода, ки дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқа қарор дорад, бо ҳисоби 7:5 дастболо шуданд.

Дар бозии дигари ин давр «Истиқлол»-и Душанбе бар «Помир»-и Хоруғ бо ҳисоби 4:2 дастболо шуда, мавқеашро дар мақоми сеюми ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуд.

Ба ин тартиб, баъди ҳашт даври бозиҳо “Сипар” ва “Соро компания” бо 22 имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи душанбегӣ нисбат ба ҳарифи асливу усулии худ як бозӣ кам гузаронидаст.

 

Formula55 – лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 8-ум

«Сипар» – «Соро компания» – 2:4

ГолҳоМуҳсин Муҳаммадӣ, 14 – дабл-пеналти (0:1). Файзалӣ Сардоров, 21 (0:2). Муҳсин Муҳаммадӣ, 26 (0:3). Руҳулло Исарӣ, 25 (0:4). Парвиз Раҳматов, 34 (1:4). Иван Бахур, 40 (2:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМустафои Маҳдӣ («Соро компания»).

28 август. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 500 тамошобин.

 

«Помир» – «Истиқлол» – 2:4

ГолҳоНекрӯз Идиев, 4 (0:1). Хайём Дарвешов, 5 (1:1). Самандар Ризомов, 22 (1:2). Хайём Дарвешов, 39 (2:2). Абдуқаюм Умаров, 34 (2:3). Абдуқаюм Умаров, 40 (2:4).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣАбдуқаюм Умаров («Истиқлол»).

28 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 100 тамошбин.

 

«Пойтахт» – «Самандар» – 7:5

ГолҳоМанучеҳр Шарипов, 10 (1:0). Фирдавс Тусматов, 11 (1:1). Баҳодур Юлдошев, 20 (2:1). Хуршед Исломзода, 23 (3:1). Хуршед Исломзода, 24 (4:1). Ориф Меликов, 24 (4:2). Ориф Меликов, 27 (4:3). Баҳодур Юлдошев, 30 (5:3). Рабиҷон Рабиев, 30 (6:3). Зиёвуддин Назаров, 32 (6:4). Хуршед Исломзода, 32 (7:4). Ориф Меликов, 39 (7:5).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМеҳрубон Тиллоев («Пойтахт»).

28 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 50 тамошбин.

 

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд)                      9 7 1 1 71-13 22
2 «Соро компания» (Душанбе) 8 7 1 0 51-12 22
3 «Истиқлол» (Душанбе) 9 4 1 4 17-26 13
4 «Помир» (Хоруғ) 8 3 1 4 15-30 10
5 «Пойтахт» (Душанбе) 8 2 0 6 19-33 6
6 «Самандар» (Турсунзода) 8 0 0 8 19-78 0

 

Нишонзанҳо: Парвиз Раҳматов («Сипар») – 13 гол, Руҳулло Исарӣ («Соро компания»), Ориф Меликов («Самандар») –  9 голӣ, Баҳодур Хоҷаев («Сипар») – 8 голМуҳсин Муҳаммадӣ («Соро компания») – 7 голМуҳаммад Раҷабов, Насим Шарипов (ҳарду аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков («Сипар») – 6 голӣ.

 

Тақвими бозиҳои боқимондаи қисми дуюм:

Даври 9-ум

4 сентябр (шанбе)

«Пойтахт» – «Соро компания»

«Самандар» – «Помир»

 

Даври 10-ум

11 сентябр (шанбе)

«Самандар» – «Истиқлол»

«Помир» – «Соро компания»

«Сипар» – «Пойтахт»

Назари худро бинависед