Финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад

Доварон, нозири доварон, ҳамоҳангсоз ва комиссари бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки дар он дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» ба ҳам меоянд, таъйин шуданд.

Довари марказии ин дидор довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе таъйин шуд. Ба ӯ Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) ва Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб) кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба Бахтиёр Комилов аз Кӯлоб вогузор шудааст. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон дар VAR кор карда, Шарифбек Нуруддинов (Душанбе) ба ҳайси ёвари VAR фаъолият менамояд. Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози финал ва Сӯҳроб Ҳамидов комиссари бозӣ таъйин шуданд.

Қобили зикр аст, ки бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» рӯзи 20 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 14:30 оғоз мегардад.

Назари худро бинависед