Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фестивалро барои шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҳти шиори «Ҳар як кӯдак – як ҷаҳон аст» баргузор кард.
Ин чорабинӣ дар маҷмааи варзишии Академияи «Ювентус»-и Душанбе баргузор шуда, дар он тарбиятгирандагони Академияи футболи ФФТ барои кӯдакон мастер-классҳо, машқҳои намоишӣ ва бозиҳои шавқовар гузарониданд. Наврасон имкон доштанд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни футбол, эстафетаҳо ва бозиҳои даставӣ худро бисанҷанд.
Ҳадафи асосии ташкили фестивал таблиғи варзиш, инкишоф додани эътимод ба худ дар кӯдакон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳама, новобаста аз қобилиятҳои ҷисмонии онҳо мебошад.
Фестивал ба ҳамаи иштирокчиён эҳсосоти фаромӯшнашаванда, шодӣ ва шиносоии навро тақдим кард. Ба наврасон тӯҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва тӯбҳо тақдим карда шуданд.