Дар шаҳри Левакант маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳои мавсими 2025 муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси вилоятм Хатлон Абдулло Раҳмонзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ аз номи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ғолибонро табрик гуфта, ба тамоми масъулин ва алоқамандони ин риштаи варзиш барору комёбӣ таманно намуд.
Дар навбати худ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода қайд кард, ки вилояти Хатлон дар рушди футбол дар кишвар нақши калидӣ мебозад. Ба гуфтаи ӯ, кори бонизом бо дастаҳои кӯдакону наврасон ва занона, инчунин дастгирии бошгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба баланд бардоштани сатҳи мусобиқот ва тарбияи бозигарони умедбахш мусоидат мекунад.
Дар идома ба беҳтарин намояндагони футболи вилоят аз рӯйи 20 номинатсия ҷоизаҳои инфиродӣ супорида шуданд. Аз ҷумла, беҳтарин бозигар миёни кӯдакону наврасон, беҳтарин мураббии футболи наврасон, беҳтарин бозигар ва мураббии футболи бонувон, беҳтарин довар ва инчунин беҳтаринҳои Лигаи дуюм бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.
Дарвозабони дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ Наврӯз Давлатов бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷоизаи беҳтарин бозигари Лигаи дуюмро ба даст овард. Ӯ инчунин беҳтарин дарвозабони Лигаи дуюм эътироф гардид. Дар мавсими 2025 Наврӯз бо дастаи «Рахш» барандаи Ҷоми вилояти Хатлон, қаҳрамони Лигаи дуюм ва ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 гардид.
