Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Рӯзи 21-уми июн, дар Душанбе маросими ба имзо расонидани Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар баргузор шуд. Дар чорабинӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва президенти Ассотсиатсияи футболи Қатар Шайх Ҳамад Бин Халифа Бин Аҳмад Ал-Танӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки шарикӣ, мубодилаи таҷриба байни ассотсиатсияҳои футболи ду кишварро тақвият диҳанд. Ҷонибҳо ӯҳдадор мешаванд амалҳои худро оид ба ташкил ва гузаронидани бозиҳои байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби гуногуни мардон ва занон, ҷавонон, футзали ҳарду кишвар ҳамоҳанг кунанд. Инчунин, таҳияи барномаҳои муштараки таълими мураббиён, тарғиби футболи занон ва футболи оммавӣ, ҳамкорӣ дар маркетинг, тиб, доварӣ ва ғайра дар назар аст.

Президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Қатар, инчунин роҳҳои рушди футбол дар ҳарду кишвар ва ҳамкориҳои ояндаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ  мусобиқаҳои осиёӣ низ муҳокима карда шуданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Қатар ва Ассотсиатсияи футболи Қатар дар баргузории қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бурдборӣ таманно намуд.

«Пеш аз ҳама ташрифи Шуморо ба Душанбе хайрамақдам мегӯям. Мо аз дидани Шумо дар ин ҷо шодем. Бидуни шак, Қатар имрӯз яке аз бузургтарин қудратҳо на танҳо дар Осиё, балки дар футболи ҷаҳон ба шумор меравад. Ман, бесаброна интизори иҷрои ин созишнома ҳастам, то самараи ҳамкориии судмадни дуҷонибаро ба даст орем. Ман боварӣ дорам, ки ин созишнома барои ҳарду ҷониб манфиати тарафайн дошта, он ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи бародаронаи мо хидмат хоҳад кард», – гуфт президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.

Роҳбари Ассотсиатсияи футболи Қатар дар мулоқот бо президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ чунин гуфт: «Ман шодам, ки ба шаҳри зебои Душанбе омадам. Барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии шумо ташаккур мегӯям. Имзои расмии ёддошти ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон як қадами хеле мусбат дар самти рушди футбол аст ва ҳарду ҷониб ба он назари нек доранд. Ин созишнома ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байни федератсияҳои мо роҳ мекушояд ва дар рушди футболи ҳарду кишвар нақши муҳим мебозад. Ман имрӯз аз имзои ин созишномаи ҳамкорӣ шодам ва боварӣ дорам, ки ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бар суди ҳарду ҷониб хоҳад шуд. Ман ба ҳарчи зудтар иҷро шудани созишномаи ҳамкорӣ умедворам.”

“Ман мехоҳам қаҳрамони футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо бо расидан ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 табрик кунам. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи навбатии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 хеле наздик буд, аммо андаки дигар монд. Шумо як дастаи пешрафта доред, ба тими миллии шумо муваффақият таманно мекунам”, – илова кард президенти АФҚ Шайх Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Тани.

Дар охири чорабинӣ ҷонибҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ мубодила карданд.

Назари худро бинависед