Федератсияи футболи Тоҷикистон Шариф Назаровро ба муносибати 75-солагияшон муборакбод намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон Шариф Назаровро ба муносибати 75-солагияшон муборакбод намуд

Имрӯз, 23 феврал, устоди устодони футболи ватанӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Мураббии шоистаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шариф Назаров 75 сола шуданд.

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз ба аёдати соҳибҷашн омада, аз номи ҷомеаи футбол ба ӯ саломатӣ ва умри дарозу созанда таманно намуд. Ба Шариф Назарович номаи табрикотӣ ва мукофоти арзишманд аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки номи Шариф Назаров дар саҳифаи варзиши тоҷик бо ҳуруфи заррин дарҷ гардидаст. Шариф Назаров соҳиби унвонҳои ифтихории Мураббии шоистаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз вазифаи маъмури даста то сармураббигӣ фаъолият намуда, давоми фаъолияти пурсамари худ бо шумораи зиёди мураббиён ҳамкорӣ кардааст, ки ҳар кадоми онҳо дар муваффақияти дастаи шӯҳратёри “Помир” саҳми арзанда гузоштанд. Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” соли 1988 соҳиби роҳхат ба лигаи олии ИҶШС шуд.

Дар ҷодаи мураббигӣ Шариф Назаров унвону ҷоизаҳои бешумореро соҳиб шудааст. Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 зери роҳбарии Шариф Назаров дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ғолиби Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё шуд, ки айни замон ягона ҷоизаи тими миллиямон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 

Назари худро бинависед