Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сатҳи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Grassroots Charter – Gold Level Membership), ки баландтарин эътирофи дастовардҳои ассотсиатсияҳои миллӣ дар рушди футболи оммавӣ мебошад, сазовор дониста шуд.
Сертификати тиллоӣ ба федератсияҳое дода мешавад, ки талошҳои устувор, бузург ва самаранокро барои беҳтар кардани дастрасӣ ба футбол ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки доираи васеи аҳолӣ ба футболи оммавӣ нишон медиҳанд.
Дар давоми сафари расмии худ ба Душанбе аъзои Комиссияи КФО оид ба футболи оммавӣ баҳогузории ҳамаҷонибаи фаъолияти ФФТ ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистонро анҷом доданд. Ҳайат бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷорӣ, ки ба тарғиби футбол дар байни кӯдакон, ҷавонон ва занон нигаронида шудаанд, инчунин ташаббусҳое, ки минтақаҳои гуногуни кишварро фаро мегиранд, ошно шуданд.
Пас аз боздид намояндагони КФО сатҳи баланди ташкилӣ, равиши системанокӣ ва фарогирии назарраси аҳолиро қайд карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон саҳми назаррас дар рушди футболи оммавӣ дар сатҳи миллӣ мегузорад ва ба стандартҳои байналмилалии КФО ҷавобгӯ мебошад.