Эрон, Лубнон ва Непал – рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 – Федерация Футбола Таджикистана

Эрон, Лубнон ва Непал – рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022

Тибқи натиҷаи қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Эрон, Лубнон ва Непал мебошанд. Бозиҳои марҳилаи интихобии мусобиқа дар ин гурӯҳ аз 23 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Имрӯз, 9 июл дар Тошканд қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола баргузор шуд. Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ, 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар Шарқ 5 гурӯҳ ташкилёфт.

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Катар ва АМА баргузор мешаванд. Дар Минтақаи Шарқ бошад бозиҳо дар кишварҳои Муғулистон, Индонезия, Сингапур ва Тайбэи Чин хоҳанд гузашт.

Ёдрас мешавем, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз  1 то 19 июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаҳояшон беҳтарини ҳамаи гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23 сола (U-23):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «В»: Эрон, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Лубнон, Непал.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Молдив.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Кувайт (мизбон), Узбекистон.

Гурӯҳи «Е»: АМА (мизбон), Умон, Ҳиндустон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «F»: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.

 

Минтақаи Шарқ 

Гурӯҳи «G»: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.

Гурӯҳи «I»: Ветнам, Мянмор, Ҳонконг, Тайбэи Чин (мизбон).

Гурӯҳи «J»: Таиланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «К»: ҶХДЧ, Ҷопон, Камбоҷа.

Назари худро бинависед