Конфедератсияи футболи Осиё барои духутурони дастаҳои мунтахаби ассотсиатсияҳои миллӣ вебинари онлайнии зидди допингро баргузор кард.
Тибқи Кодекси нави ҷаҳонии зидди допинг WADA, Конфедератсияи футболи Осиё дар ҳамкорӣ бо Департаменти зиддидопингии FIFA вебинари дурӯза оид ба масъалаҳои зидди допинг барои духтурони дастаҳои мунтахаби ассотсиатсияҳои миллӣ ташкил намуд.
Дар вебинари дурӯзаи КФО духтурон аз дастаҳои гуногуни мунтахаби Тоҷикистон – Фаррух Авезов (тими миллӣ ва КФ “Истиқлол”), Гуландом Халилова (тими миллии занона), Баҳодур Носиров (мунтахаби ҷавонони U-19), Абдусаттор Қаландаров (наврасони U-17), инчунин ба ҳайси шунаванда Кароматулло Саидов (Академияи футболи ФФТ), Холикберди Холиқов (КМВА) ва Ҷобир Сафаров («Регар-ТадАЗ») ширкат намуданд.
Суханварони вебинари онлайн мудири шӯъбаи тиббӣ ва зидди допингии Федератсияи байналмилалии футбол Алексис Вебер, инчунин менеҷерони шӯъбаи зидди допингии FIFA Даниэл Ким ва Моника Келлер буданд.
Вебинар мавзӯъҳоеро, мисли мубориза бо допинг дар футбол, моддаҳои манъшуда, истифодаи дурусти доруҳо ва ғизоҳои иловагӣ, истифодаи истисноҳои терапевтӣ (TUE), раванди назорати допинг ва ғайра фаро гирифт.