Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд

Дастаҳои доварон аз Тоҷикистон барои доварии бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 таъйинот гирифтанд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва дастаи ӯ бозии гурӯҳи «B» байни «Аркадаг» (Туркманистон) ва «Ал-Аҳли» (Қатар)-ро доварӣ мекунанд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов дар хатҳо кӯмак мерасонанд. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ҳамчун довари чорум таъйин шудааст. Бозӣ 5 ноябр дар шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор мешавад.

Дастаи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров вохӯрии гурӯҳи «H»-и Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 байни «Пхоҳан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) ва «Тампинес Роверс» (Сингапур)-ро, ки 6 ноябр дар Пхоҳанги Кореяи Ҷанубӣ сурат мегирад, доварӣ хоҳанд кард. Ба Кабиров Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод ёварӣ мекунанд. Довари ФИФА Медербек Тайчиев аз Қирғизистон ҳамчун довари чорум фаъолият менамояд.

Назари худро бинависед