Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 17 май таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҷаласа доир намуданд, ки дар натиҷа Хуршед Дадобоев довари марказии бозии даври ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд.
Кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-ро пас аз бозӣ бо тими «Хатлон», ки рӯзи 15 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт, баррасӣ кард.
Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии сабти видеоии бозӣ тасмим гирифт, ки зарбаи ҷаримавӣ ба дарвозаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ хато таъйин шудааст, ки дар ниҳоят ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд.
Бар асоси ин, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довар Хуршед Дадобоевро барои риоя накардани Кодекси интизомии довар аз ҳаққи ҳакамӣ дар бозиҳои лигаҳои олӣ, лигаи якум ва ҳамчунин чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон барои се давр маҳрум кунад.