Дастгирии ниёзмандон дар арафаи Иди Қурбон – Федерация Футбола Таджикистана

Дастгирии ниёзмандон дар арафаи Иди Қурбон

Дар арафаи Иди Қурбон, футболбозони дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон (U-19) дар якҷоягӣ бо кормандони Федератсияи футболи мамлакат ба хонаи беморони касалиҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор омаданд.

Ба хонаи беморон, ки дар он зиёда аз дусад нафар гирифторони касалиҳои рӯҳӣ зиндагӣ карда, табобат мегиранд, маҷмӯи зарурии маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос тақдим шуд. Кормандони хонаи беморон ба бозигарони дастаи мунтахаби ҷавонон ва кормандони Федератсия барои таваҷҷӯҳашон изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо ба беҳтар гаштани вазъи саломатии беморон фоидаовар аст.