Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ду бозии санҷишӣ мегузаронад.
Ҳарду бозӣ рӯзҳои 13 ва 15 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 16:00 ба нақша гирифта шудаст.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби наврсони то 16 соли Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 иштирок мекунад. Мусобиқа аз 15 сентябр то 3 март дар давлати Баҳрайн баргузор мешавад.
Бозиҳои дӯстона
13 март (ҷумъа)
Оғози бозӣ соати 16:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҳиндустон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
15 март (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҳиндустон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ