Дастаи футзали Тоҷикистон дар Остона бо тими миллии Қазоқистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи футзали Тоҷикистон дар Остона бо тими миллии Қазоқистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Остона рафт.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ин ҷамъомад 16 нафар – 3 дарвозабон ва 13 бозигарро даъват кардааст. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба далели андак ҷароҳат доштанаш дар ҷамъомади тамринии тими миллии кишвар иштирок намекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Остона бо барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2016 – тими миллии Қазоқистон, ки дар чемпионати ҷаҳон-2024 дар Ӯзбекистон низ ширкат хоҳад кард, ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозиҳои дӯстона рӯзҳои 22 ва 24 август дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена» доир мешаванд.

 

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;

Бозигарони майдон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Абдуқаюм Умаров, Умед Кузиев, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Муҳаммадҷон Шарифов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Насратшо Исмоилов.

Назари худро бинависед