Дастаи футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз 14 феврал то 2 март дар Ҷидда ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор намуда, бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 26 ва 28 феврал баргузор мешаванд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомад дар Арабистони Саудӣ ҷиҳати анҷоми ду бозии санҷишӣ бо мунтахаби Ӯзбекистон (4 ва 5 март) ба Тошканд сафар мекунад.

Аввали моҳи феврал футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Кувайт ду рақобати санҷишӣ (3:3, 2:4) доир карданд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) нерӯ месанҷад.

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📅 26 феврал (душанбе)

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ҷидда, Арабистони Саудӣ

 

📅 28 феврал (чоршанбе)

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ҷидда, Арабистони Саудӣ

 

📅 4 март (душанбе)

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, Ӯзбекистон

 

📅 5 март (сешанбе)

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Тошканд, Ӯзбекистон

Назари худро бинависед