Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав ба анҷом расид.
Дар мубориза барои медалҳо 10 даста аз рӯйи системаи даврӣ дар ду марҳила бозӣ карданд. Дар ҷамъбасти чемпионат тими «Бешкент» (Носири Хусрав) ҷойи якумро гирифт. Дар 18 бозии мавсими имсола футболбозони «Бешкент» 18 ғалаба ба даст оварданд.
Барандаи медали нуқраи чемпионат дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо касби 48 имтиёз гардид. «Панҷшер» бошад, сеюм шуд. Ин дастаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 42 имтиёз дарёфт.
Дар охири мавсим ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ низ муайян шуданд. Беҳтарин дарвозабон Элмира Қаршиева («Бешкент») дониста шуд. Шукрона Устоева беҳтарин бозигари «Регар-ТадАЗ» эътироф шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Таҳминаи Баҳром («Панҷшер») гардид, ки 76 гол задааст. Ҷоизаи беҳтарин бозигари лига ба Улҷамол Элмуродова («Бешкент») дода шуд. Беҳтарин мураббӣ Эркин Нормуродов гардид, ки бо роҳбарии ӯ дастаи «Бешкент» дар чемпионати Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло шуд.