Мусобиқаи анъанавии Ҷоми «Ҷавонӣ» миёни дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи ҷавонони КМВА-и Душанбе ба анҷом расид. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, даҳ дастаи чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Аз ҳайати ғолибон Ҷаҳонгир Ҷӯраев муаллифи дубл шуд.
Дар бозии ниҳоӣ тими ҷавонони КМВА-и пойтахт бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – 1:0 ғолиб омад. Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 12-уми бозӣ Қурбоналӣ Муродов ба самар расонд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ Тоҳир Нурзода ширкат доштанд.
Қурбоналӣ Муродов аз КМВА-и Душанбе беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми «Ҷавонӣ» эътироф шуд. Ба ғайр аз ҷом ба ғолиби мусобиқа – КМВА 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид. Иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – «Эсхата» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023
Бозӣ барои ҷойи сеюм
«Хатлон» – «Эсхата» – 2:3
Голҳо: Ҷаҳонгир Ҷӯраев, 6 (0:1). Шамсулло Назаров, 17 (1:1). Ҷаҳонгир Ҷӯраев, 45+1 (1:2). Ҷаҳонгир Акбарзода, 61 (1:3). Беҳрӯз Хуҷаев, 87 (2:3).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Ҷаҳонгир Ҷӯраев («Эсхата»).
Финал
«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 0:1
Гол: Қурбоналӣ Муродов, 12.
Беҳтарин бозигари бозӣ: Қурбоналӣ Муродов (КМВА).