Дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-Такси» ғолиби мусобиқаи футзал ба хотираи Александр Кирсанов шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-Такси» ғолиби мусобиқаи футзал ба хотираи Александр Кирсанов шуданд

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавии футзал барои ба даст овардани Ҷоми «Formula55», ки ба хотираи собиқ бозигари маъруфи дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шудааст, ба охир расид.

Мусобиқа миёни ҳаваскорон ва собиқадорон дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дастаи «Рахш-Такси» миёни ҳаваскорон дар финал бар «Соро компания-2» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм футзалбозони «Динамо» (ВКД) тими Шабакаҳои барқро мағлуб карданд (13:4).

Миёни собиқадорон дастаи «Вавилон» дар вохӯрии финалӣ бар тими «Динамо» (ВКД) бо ҳисоби 8:2 ғалаба карда, соҳиби ҷом гардид. Медалҳои биринҷии мусобиқот насиби собиқадорони «Равшан»-и Кӯлоб шуд, ки аз тими «Лазиз» (7:3) пурқувваттар баромаданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи хотираи Александр Кирсанов ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд.

Дар мусобиқаи ҳаваскорон беҳтарин ҳамлагар Наврӯз Саидов («Соро компания-2») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Умед Кузиев («Динамо» ВКД) дода шуд. Самад Шарифов («Рахш-Такси») беҳтарин бозигар эълон гардид.

Дар мусобиқаи собиқадорон ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Бахтиёр Азизов («Равшан») гардид. Беҳтарин ҳамлагар Алишер Улмасов («Вавилон») ва беҳтарин бозигари мусобиқа Хуршед Маҳмудов («Вавилон») дониста шуданд.

Назари худро бинависед