Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзҳои 31-уми июл ва 1-уми август баргузор шуданд, ҳашт дастаи лигаи олӣ ба чорякфинал роҳ пайдо кард.
«Эсхата»-и Хуҷанд ба дарвозаи дастаи меҳмон – «Саройкамар»-и Панҷ – се голи беҷавоб зад. Ҳисобро бозигари меҳмонон Хисрав Раҳимов дар оғози дидор боз кард. Ӯ тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Ду голи дигари мизбононро Акобир Тураев ва Амирҷон Раҳимов ба ҳадаф расонданд.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозиро дар майдони худ ба «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:6 бохт. Се голи бохтариҳоро Суннатулло Исмоилов ба самар расонид. Ду голи мизбононро Акбар Бобомуродов зад.
КМВА-и Душанбе дар майдони худ “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Голҳои низомиёнро Шарафҷон Солеҳов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Дилшод Восиев, Сайёди Ковусшо ва Умедҷон Холиқов заданд.
“Ҳулбук”-и Восеъ дар майдони худ аз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Зиёвуддин Фузайлов, бозигари “Равшан”, дар дақиқаи 20-ум ҳисобро кушод. Баъди 17 дақиқа Муҳаммадшариф Саидхоҷа ҳисобро баробар кард. Ду голи дигари меҳмононро Ҳасан Рустамов ва Эффаҳ Кингслей Осей дар нимаи дувуми дидор зада, ба “Равшан” пирӯзӣ оварданд.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Далер Ёдгоров ду гол, Парвиз Боқиев, Эҳсон Бобоев, Артём Сердюк ва Нозим Бобоҷонов якголӣ заданд.
Дар ду бозии дигар “Файзканд”-и Восеъ бар “Моҳир”-и Ёвон ва “Истаравшан” бар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонӣ бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд. Голи “Файзканд”-ро Анвар Муродов ва голи “Истаравшан”-ро Саидмухтор Азимов заданд.
Дар бозии охирини даври ҳаштякниҳоӣ ду дастаи Душанбе – «Истиқлол» ва «Душанбе» – бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи «Истиқлол» хотима ёфт. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Голҳои «Истиқлол»-ро Ваҳдат Ханонов ва Зоир Ҷӯрабоев ва голи “Душанбе”-ро Фарҳод Қосимов ба ҳадаф расонданд.
Ба ин тартиб, ҳашт дастаи лигаи олӣ – “Хатлон”, “Эсхата”, КМВА, “Равшан”, “Хуҷанд”, “Файзканд”, “Истаравшан” ва “Истиқлол” ба вохӯриҳои чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд.
Тибқи низомнома, дар даври ҳаштякниҳоӣ ғолибони ҷуфтҳо аз рӯи натиҷаи як бозӣ муайян шуданд. Бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон низ аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2021
1/8 финал
«Эсхата» – «Саройкамар» – 3:0
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 3:6
КМВА – «Панджшер» – 5:1
«Хулбук» – «Равшан» – 1:3
«Хуҷанд» – «Пахтакор» – 6:0
«Кӯктош» – «Истаравшан» – 0:1
«Моҳир» – «Файзканд» – 0:1
«Истиқлол» – «Душанбе» – 2:1
Ҷуфтҳои 1/4 финал
«Истиқлол» – «Файзканд»
«Истаравшан» – «Эсхата»
«Хуҷанд» – «Хатлон»
КМВА – «Равшан»